БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузорем

ХОВАЛИНГ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии “Маҳваш” оид ба омӯзиши  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. 

Дар назди аъзои ташкилоти ибтидоӣ оид ба  мавзӯъҳои хониши сиёсӣ корманди  масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасан Қурбонов дар бораи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳое, ки аз самтҳои мазкур дар бораи истифодаи самараноки нерӯи барқ, мубориза б атерроризм, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, риояи урфу одат ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, истифода аз технологияи муосир, мубориза бо нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қонунҳои миллӣ , рушди соҳибкорӣ бармеояд, ба ҳозирин маълумот дод.

Дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ваъда доданд, ки дар рӯзи истироҳатӣ ба ҳашар баромада, гирду атрофи муассисаро тозаю озода ва қисмати берунии девори онро рангу бор менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg