БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - тарғибгари сиёсати созандаи Пешвои миллат

ҚУБОДИЁН.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МИР-19” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-роҳнамои миллат” баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Абдуллоев Ваҳобиддин дар баромади  хеш аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат мо бояд сарҷамъона ва бо дилу нияти пок ба ояндаи дурахшон кӯшиш намоем.  

Инчунин, мавсуфоид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ёдовар шуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам пешрафтаву обод шудани Ватани азизамон  меҳнати  софдилона  намоем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg