БАЛҶУВОН.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо, деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарнисор №1»-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мирзозода Исуф, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Муродова Марҷона иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба тартиб даровардани деҳаву маҳаллаҳо тариқи дастаҷамъона дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонадони хеш сар карда то ба деҳаву маҳаллаҳои ноҳия барои кабудизоркунӣ обёрӣ намудан, шинонидани гулу гулбутаҳо, дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва дар корҳои бунёдкориву созандагӣ саҳмгузор бошанд.