БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи паём заминаест барои пешгирии амалҳои зишт дар ҷомеа!

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Моҳи мунир»-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад хониши сиёси баргузор гардид.

Зимнан Асалмамад Бекмамадов вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки воқеан дар мавриди таъмини татбиқи пурраи қонунҳои миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем дар рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи  некӯаҳволии мардум заминаи устувореро гузорад.

Ҳамчунин дар Паёми Пешвои миллат таъкид карда шуд, ки «вазъи сайёра дар ду – се соли оянда боз ҳам муракаб мешавад».

Дар рафти чорабини мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии таблиғотӣ-амалии "Якҷоя ҳал мекунем" бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Моҳи мунир” ба ду нафар ятим дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ сару либоси идона ва маводи хӯрока тақдим намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg