БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии «Аксияи якҷоя ҳал мекунем!» боиси хушҳолии сокинони маҳал гардид

ПАНҶ.Дар маҳаллаи Вахёи ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат» таҳти шиори «Мо якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидои Вахё чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳия дар ин чорабинӣ Ғафуров Сайдамир – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва Солиҳов Фирдавс – мутахассиси ҳамин шуъба иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғафуров Сайдамир қайд намуд, ки роҳандозии Аксияи ҳизбии Аксияи тарғиботӣ-амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар ин росто ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

Ҷихати татбиқи амалии  Аксияи тарғиботӣ- ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо тасмими  сокинони мањал 2 киллометр роҳҳои дохили маҳалла сангфарш карда шуданд ки боиси хушҳолии сокинон гардидад. Чун, ки роҳҳои байни деҳа дар фасли зимистону баҳор мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамуд. Ҳамчунин, ҷиҳати дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат бо қувваи саховатмандон  ба 4 оилаи маъбони маҳал маводи хўрока- равғану орд кўмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg