
КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мардум дар маҳаллаю деҳаҳо бо мақсади ҳамкориро густариш бахшида, иртиботи худро ба воситаи нишасту мулоқотҳо пурзӯр карда истодааст.
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мардуми деҳаи Ниҳоли ҷамоати деҳоти Зиракӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис доир карда шуд.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳол” Сайдалиев Шарофиддин иштирок ва баромад намуданд.
Орзу Ҳамидиён баромад намуда, изҳор дошт, ки зимни амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ ба вуҷуд овардани ҳиссӣ боварӣ ба ояндаи нек вазифаи мо ҳизбиён аст. Зеро маҳз чунин ҳисси боварӣ ба ояндаи нек рушди минбаъдаи кишвари моро равшан хоҳад кард.
Дар навбати худ Сайдалиев Шарофиддин доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баёни фикр кард.
Ҳамзамон, ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана тақдим гардида, дар фарҷом дастаҷамъона бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд.