Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Соҳибкорону ҳунармандонро имтиёзҳои давлатӣ ҳавсманд кардааст!

ВОСЕЪ.Бо мақсади дар  амал татбиқ намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Кȳчабоғ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза  бо сокинон  вохӯрӣ ва  корҳои созандагию бунёдкорӣ гузаронида шуд.

Зимни суҳбат Сафарова Ҳафиза атрофи самтҳои афзалятноки фаъоляти ҳизбӣ,  корҳои ободонию бунёдкорӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давалатӣ ва Наврȳзӣ байналмиллалӣ ибрози ақида намуд.

Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ  ба сокинон нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ»  дастрас  карда шуда, аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ, мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳидоят карда шуданд.

Дар робита ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии номбурда аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ба сохтмони «Майдончаи варзишӣ» ва соҳибкорзан, гирандаи гранти Президентӣ Шарипова Моҳшариф «Коргоҳи чакандȳзӣ» оғоз бахшида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg