БОХТАР.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фаровон -Қӯрғонтеппа» бахшида ба Рӯзи Модар озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Беҳтарин сарояндаи аллаи модар» миёни соҳибкорзанон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наҷидуллоев Тавакал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фаровон-Қӯрғонтеппа» Шерхонзода Ҳайдар ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ гуфта шуд, ки озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Беҳтарин сарояндаи аллаи модар» миёни соҳибкорзанон бо мақсади тарғиби анъанаҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани ҳурмату эҳтироми модар мебошад.
Иштирокдорони озмуни мазкур ба ҳайати ҳакамон ҳунару маҳорати худро нишон доданд, ки баъди намоиш ҳайати ҳакамон ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтарро тақдим карданд.
Инчунин, дар охир раиси ташкилоти ибтидоии «Фаровон Қӯрғонтеппа» Шерхонзода Ҳайдар барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро сарфароз гардонида шуд.