Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии деҳқонии Ниёзмаҳмад Бегов»-и ҷамоати деҳоти Навобод ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, ташаккули шуур ва маданияти сиёсии шаҳрвандон, асри ХХI- асри техника ва технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.
Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби «Хоҷагии деҳқонии Ниёзмаҳмад Бегов» ба Боғчаи ҷамоати деҳоти Навобод ба маблағи 200 сомонӣ ки якрӯза хӯроки кудакон мебошад кӯмак карда шуд.