Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Ватан сарсабзиву хуррамиат хушбахтии мост!

ЁВОН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сабзазор” хониши сиёсӣ ва корҳои ободонӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок дошта,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ,  тарғиби тарзи ҳаёти  солим, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани ҷавонон ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg