БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафари ҳайати ҲХДТ ба Хитой

Бо даъвати Раёсати муносибатҳои байналмилалии Ҳизби Коммунистии Хитой ҳайати кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар бо шумули намояндагони кумитаҳои иҷроия аз тамоми кишвар бо роҳбарии муовини Раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён аз 20 феврал то 1 март ба ин кишвар сафари корӣ анҷом доданд.

Аснои боздид аз шаҳрҳои Гуанжоу, Чжухай ва Урумчи ҳайати ҲХДТ бо роҳбарияти минтақавии Ҳизби Коммунисти Хитой мулоқот анҷом дода, аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуданд.

Инчунин, ҳайати ҲХДТ дар Ҳамоиши сатҳи баланди мавзўии «Сиёсати мазҳабию нажодии Хитой: тақвияти ваҳдат ва ҳамрайъии гуруҳҳои этникӣ. Таҷрибаи музофоти мухтори Шинҷон-Уйгур» иштирок намуд, ки дар кори он муовини Раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён маърўза намуданд.

Мавриди зикр аст, ки равобити Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби Коммунисти Хитой дар асоси шартномаи ҳамкорӣ қавӣ буда, ҳамасола гурўҳҳои ҳизбӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар анҷом медиҳанд.

Дар сафари зикршуда аз вилояти Хатлон мудири шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи вилоят Наврўзҷон Ҳусейнзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кўшониё Мунаввара Сатторова ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дўсти Ҳуснигул Одиназода низ иштирок намуданд.

Метавон гуфт, ки ин сафар хеле хотирмон ва ибратомўз буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg