БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ширкати фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар форуми байналмилалии ҷавонони кишварҳои узви СҲШ

Санаҳои 26 то 28 феврали соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон форуми байналмилалии ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир гардид, ки дар кори он фаъолони созмони ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» ширкат ва суханронї намуданд.

Мавзӯи ин ҳамоиши байналмилалї «Рушди сайёҳї» интихоб гардида, дар кори он масоили вобаста ба рушди туризм дар кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ мавриди баррасї қарор дода шуд.

Зимни баромади худ, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло аз таваҷчуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди сайёҳї, эълон гардидани соли 2018 дар Ҷумҳурии тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї» ва солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї» ва таваҷчуҳи бесобиқаи сайёҳони хориҷї ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон ба иштирокчиёни ин форуми байналмилалї маълумот дод.

Дар охир видеоролик, ки бозгӯи манзараҳои зебои кишвар ва пойтахти Тоҷикистон- шаҳри зебои Душанбе буданд, ба намоиш гузошта шуд, ки таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуд.

Дар ин бора   Ҳусейн Саидов аз хадамоти матбуоти созмон хабар дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg