ВОКУНИШ. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зуҳуроти басо номатлуби терроризму ифротгароӣ ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам терроризм ва ифротгароӣ ба як мушкилоти асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Ҳалли ин масъалаи глобалӣ ба таъхир андохтан корест нобахшиданӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башарӣ таваҷҷуҳи хосае зоҳир намудааст: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористҳоро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест». Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки ҳамавақт ва дар ҳама ҷо ба таблиғоти дурӯғини ташкилоту аҳзоби «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷиҳоди ислом», «Ҳизби исломии Туркистон» ва «Ҳизби наҳзати исломӣ» роҳ надиҳем. Мо бояд нақшаю дассисаҳои онҳоро фош намоем. Ба мардум симои аслан манфури онҳоро нишон диҳем. Ба ин кор бештар шахсони босаводу аҳли маъниро равона намоем.
Сабаби ифротгароӣ ва терроризми исломӣ ном гирифтани ин падидаи номатлуб аз он иборат аст, ки ҷиҳати татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ истифода мебаранд. Онҳо даъво мекунанд, ки пуштибони исломанд. Дар асл онҳо бо шиорҳои дурӯғини худ ҳадафҳои касифашонро пиёда месозанд. Мақсади ниҳоии онҳо барпо намудани хиловати бузурги исломист. Онҳо сараввал Давлати Исломии Ироқу Шомро таъсис доданд, ки он як қисмати Ироқу Сурияро дар бар мегирифт ва таъсиси ДИИШ самараи сиёсатҳои номатлуби як қатор давлатҳои манфиатхоҳ мебошанд.
Як чиз мусаллам аст, ки ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳо пайваста, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Пас саволе ба миён меояд, ки ин қабил ҷавонони моро чӣ маҷбур месозад, ки ба ин гурӯҳҳои даҳшатафкан бипайванданд. Эмиссионерҳо ва таблиғотчиёну ифротгароён набзи ҷомеаи кишвари моро нағз медонанд. Онҳо бо кӣ сару кор гирифтанашонро медонанд. Бесаводии баъзе ҷавонон, гумроҳии онҳо ва қарздор будани онҳо барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ воситаи хубест. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар кор барем. Ба онҳо симои даҳшатбору марговари ифротгароёнро нишон диҳем. Ба ҷавонон бифаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ муносибате надорад.
Ташвиқот ва баргузории суҳбатҳои судманд имкон медиҳанд, ки ҷавонони мо ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оромию суботи кишварро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд.
Шерматова Хайринисо, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун