![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%9F%D0%90%D0%9D%D0%A7-%20%D0%A1%D0%B0%D0%BD%D0%B3%D0%BE%D0%B2%20%D0%9F..jpg?itok=CNy36mAg)
ВОКУНИШ. Чанде пеш дар расонаҳои иғвоангезу дурӯғпарокану мубаллиғи Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хабари баргузор намудани гирдиҳамоӣ, ки гӯё барои озод намудани зиндониёни сиёсӣ баргузор карда мешавад, ба таври густарда таблиғ мешавад.
Созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ нафаронеанд, ки барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ гоҳу ногоҳ чунин намоишҳои ба қавли худашон, «эътирозӣ»-ро баргузор мекунанд. Тавре маълум, «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» лоиҳаи навбатии ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ба хотири рӯйпӯш намудани гузаштаи худ, роҳбарони ТТЭ ҲНИ онро ташкил намудаанд. Ду-се «хӯсаи сиёсӣ»-е, ки аз номи ин ташкилот суханпароканӣ мекунанд, на фаъоли ҷомеа ҳастанду на ҷонибдори пешравии ҷомеаи Тоҷикистон. Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Раббимпур нафароне ҳастанд, ки ба хотири манофеи шахсӣ аз дину мазҳабу маҳаллу меҳан беибо сӯйистифода мекунанду дар охир камбудиву норасоиҳои инфиродиашонро риёкорона ба намоиш гузошта, дар сатҳи созмонҳои сиёсии аврупоӣ пуштибонҳои қавӣ пайдо кардан мехоҳанд.Аз рӯйи навиштаи сомонаҳои наҳзатӣ, санаи 10 декабри соли 2018 бо ибтикори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунад, гирдиҳамоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор гардид. Эълону рекламаи ба ном тазоҳуроти наҳзатӣ, ки бар пояи зиндониёни сиёсӣ роҳандозӣ шуд, фазои маҷозиро фаро гирифт. Барои ҷалби муҳоҷирон ба ин флешмоб ва ё тазоҳурот наҳзат ва қувваҳоли наҳзатӣ аз ҳар навъ механизми иттилоотию мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода бурд. Вале нуқтаи муҳим дар ин масъала ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ нестанд ва нафаронеро, ки наҳзат ва неруҳои ба наҳзат вафодор ба сифати зиндониёни сиёсӣ муаррифӣ менамоянд, як мушт хурофотианд, ки дар асоси гуноҳҳои кардаи худ пушти панҷара қарор гирифтаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Ҳукумати Тоҷикистонро бар он гунаҳкор медонанд, ки наҳзатиёнро пушти панҷараи зиндон нишондааст. Аммо, тавре ки арз кардем, дар зиндонҳои Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ нест ва чанд исмеро, ки наҳзатиён ва ҳамандешони онҳо тазаккур медиҳанд, ҳаргиз зиндонии сиёсӣ ба ҳисоб намераванд. Аз ин рӯ, пофишориҳои наҳзатӣ дар заминаи озод кардани зиндониёни сиёсӣ бепоя мебошанд.
Барои ҳамагон маълум аст, ки исломи сиёсӣ аз гузашта дида, имрӯз ба сифати хатар ва таҳдиди глобалӣ на танҳо Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳонро мавриди таҳдид қарор медиҳад. Эътилоф ва тавофуқу ҳамкориҳое, ки дар заминаи бурузу ҳузури исломи сиёсӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ миёни давлату кишварҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бунёд ёфтаанд, ҳаққонияти таҳдиду хатари исломи сиёсиро таъйид мекунанд. Ҷиддияти масъала дар он аст, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ ва қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар бозиҳои сиёсию геосиёсӣ аз исломи сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундраву террористии динӣ-мазҳабӣ истифода мекунанд ва дар сармоягузории ташкилотҳои террористию экстремистӣ саҳми муносиб мегиранд. Ин нуктаро дар пуштибонии молиявию мафкуравӣ ва сиёсии созмонҳои тундраву террористӣ(аз ҷумла ТТЭ ҲНИ), ки ғолибан дар шакли сиррӣ-пинҳонӣ амалӣ мегарданд, метавон ба хубӣ мушоҳида кард. Аз ин ҷост, ки сиёсатҳои дустандарта ноамнию бесуботиро дар нуқоти даргири сайёра тадовум мебахшанд.
Бояд қайд кард, ки тазоҳуроте, ки санаи 10 декабр дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон баргузор гардид, ноком шуд. Чаро?
Аввал, барои он ки пуштибонии мардумӣ надошт, ҷомеаи тоҷик, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз он пазироӣ накарданд. На наҳзат ва на дигар гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ ба манфиати миллӣ ва давлатӣ кору фаъолият намекунанд ва танҳо вонамуд менамоянд, ки дар хидмати миллат қарор доранд. Саркардагони тазоҳурот нафаронеанд, ки хурдтарин хидмате ба мардум ва ҷомеаи тоҷик накардаанд, ба ҷуз суханпароканӣ, сиёҳкунӣ, бадномсозӣ ва шиорзанӣ. Тазоҳуроти навбатӣ спектакли навбатии наҳзатист ва дар он аллакай нақшҳо ва бозингарон аз ҳисоби артистони аъзои ТТЭ ҲНИ ва думравони онҳо баргузида шудаанд ва нақшҳояшонро тибқи сенарияи қаблӣ иҷро хоҳанд кард. Ва ахиран намояндагони хориҷ ва созмонҳои сиёсии аврупоӣ ҳам ин флешмобро ба сифати тамошобин назора карданду халос. Ин ҳам ба хотири он буд, ки риояти демократия ва озодандешӣ мароми давлатҳои ғарбиро ташкил медиҳад. Хуллас, як тамошои спектакли наҳзатиён дар нақшҳои бебарор шуду гузашт.
Мисли ҳамин сенарияи баромади роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шабу рӯз намоиш дода мешавад, бисёр ҳам аҷибу ғариб аст. Худ ҳис кардаанд, ки ин гуна намоишҳои театрӣ дигар ба мафкураи одамон кора намекунад. Вале инро гӯё надида мегиранд. Ин ду-се «хӯсаи сиёсӣ»-ии ташкилоти бо ном Паймони миллӣ бо ин корҳояшон ба сарпарастони хориҷиашон исбот кардан мехоҳанд, ки онҳо машғули иҷрои ин нақша мебошанд.
Тоҷикон дигарбора ба Муҳиддин Кабирӣ барин нафарон ва ба ягон хел «Паймони миллии тоҷикон» ниёз надорад. Ҳеҷ гоҳ «паймон»-и чанд нафар хиёнаткори Ватану миллат наметавонад паймони миллии нуҳ миллион шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
П.Сангов, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ