БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Халқ бо шумо нест, халқ нисбати шумо барои туҳмату буҳтоне, ки паҳн менамоед, лаънат мефиристад

ВОКУНИШ.Дар сомонаи “Ютуб” бо ном Сулаймони Орзу ва Сулаймони Давлат суханҳоеро паҳн намудаанд, ки ба ҳақиқати воқеъӣ рост намеояд.

Вақте ки дар сомонаҳои интернетӣ лақигарӣ мекунед, сухани дурӯғеро паҳн мекунед, хаёл накунед, ки ба ин амалатон дар дили касе ҷой мегиред. Баръакс коҳи куҳнаро бод мекунед. Он рӯзҳои мудҳишро бахотири онҳое меоред, ки шаҳди ғарибӣ чашидаанд, наздиконашон, хонаю дар, молу ҳолашонро аз даст додаанд.

Баъди шунидан ва хондани ҳарзагӯӣ ва туҳмату буҳтон нафраташон нисбати шумо – наҳзатиёни ҳаромзода, мазҳабфурӯшу ватанфурӯшу миллатфурӯш даҳчанд зиёд мегардад.  Шумо нисбати авлоду аҷдододи худ ҳам эҳтиром надоред. Хуб медонед, ки баъди суханҳои подарҳаво ба ҳафт пуштатон раҳмат намефиристанд. Як бор пахтаҳои гӯшатонро гиреду гӯш диҳед, он халқе, ки мегӯед бо мост, нисбати туву гузаштагонат барои чунин пастфитратро ба дунё овардан чи суханони гӯшношунидеро ба забон меоранд.

Хаёл накунед, ки мардум чашм надорад. Нӯҳ миллиону 100 ҳазор аҳолии кишвар чашм дорад ва ҳама чизро мебинад ва шоҳиди ҳоланд, ки онҳоро кӣ ба ин рӯзи пурсаодат оварда расонид.

Мо он қасамеро, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд карда буду ба он содиқ монд фаромӯш накардаем ва нахоҳем кард.

Як мард шуда ба худатон савол диҳед: Кӣ зиёда аз як миллион гурезагонро, ки бо таблиғоти бардурӯғи шумо ҳаромхӯрҳои курситалаб берун аз хоки Ватан азоби гӯшношунид мекашиданд, ба Ватан баргардонид? Дар рӯзҳои душвортарин, кӣ мардумро аз талбидану гуруснагӣ раҳонид?  Кӣ барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар кишвар ба талабҳои бамиёнгузоштаи шумо худозадаҳо, ки ба рӯзи сиёҳи мардум раҳматон намеомад, гузашт кард? Бо роҳбарии кӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд. Ташаббускори бунёди НБО “Роғун” ва дар чор фасли сол бо барқ таъмин намудани аҳолӣ кист? Муаррифкунандаи  Тоҷикистону миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ кист? Кӣ ҳадафи чоруми миллӣ - саноаткунонии босуръати кишварро ба миён гузошт?

Чунин саволгузорӣ ҳазорҳо–ҳазорҳо, ҳазорҳост. Агар заррае дар шумо инсоф монда бошад (росташ ба будани инсоф, диёнат дар вуҷуди шумо боварӣ надорам), аммо як бор чунин саволҳоро ба мо не ба худатон диҳед, шояд дурӯғ гуфтану туҳмат заданро ба миллат, давлат ва Сарвари  кишвар,  ки дар ҳар як хонандон чун Пешвои миллат эҳтироми хоса дорад, шояд замонаш расидааст хотима бахшем.

Дар асл шумо туҳмат мезанед ва ба шумо он халқе, ки  мегӯед бо мост,  лаънат мефиристанд. Кадомаш ба шумо маъқул аст? 

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси КИ ҲХДТдар ноҳияи Ховалинг     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg