БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат оинаи тамомнамои рушди кишвар аст

ҶАӢҲУН.Бо ибтикорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳоли»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд кард, ки: Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун оинаи муваффақияти имрӯзу фардои дурахшони кишвар ба инъикоси пешрафтҳои навини кишвари биҳиштосоямон нигаронида шудааст. Барномаи дурнамои Ҳукумати мамлакат – Паём дар марҳалае ироа гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳалаи ворид шудан ба муборизаҳои навин қарор дорад, ки албатта барои ҳар як давлати соҳибистиқлол ин тамоил хатари бесобиқа дорад.

Бекмамадов Асалмамад дар фарҷоми суханронии худ қайд намуд, ки Паёми имсола мисли дигар паёмҳо мардумро ба сулҳу субот ва истиқрору оромӣ раҳнамун кард ва мардуми мамлакат аз Паёми ироашуда истиқболи гарм карданд, ки ин нишона аз сулҳу иттиҳод дар кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg