БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саноаткунонии босуръати кишвар моро ба кишварҳои пешрафта ҳамқадам месозад !

ЛЕВАКАНТ.Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Сементи Рушди Хатлон» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар ва кормандони ҶДММ «Сементи Рушди Хатлон» иштирок доштанд.

Ватанзода Сайҷаъфар  зимни андешаронӣ  қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои тараққиёти мамлакатро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва бо дарназдошти пешомадҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян ва мушаххас намуданд. Амалисозии ин ҳуҷҷати аҳамияти стратегидошта аз ҳар фарди ватандӯст, дар навбати аввал аз фаъолони ҷомеа ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстиро тақозо менамояд.  

Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро ба иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg