БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф дар меҳвари Паём

КУШОНИЁН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳия мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бо  кадрҳои соҳибкасб таъмин намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, ки дар Паёми  навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, афзуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакатро ба таври хеле васеъ мавриди таҳлил қарор дода, доир ба муҳимтарин дастовардҳои соли 2018 андешаҳои ҷолибе баён карданд.

Ҳамзамон, масъулин ба омӯзгороне, ки ба унвонии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои пайвастан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg