БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Абдуллоев Ваҳобиддин  иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он андешаронӣ намуда, афзуд, ки ҲХДТ таҳти сарварии  Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, бо қабули санадҳои гуногуни муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҲХДТ бештар мегардонад.                  

Бинобар ин ба сафи аъзогии ҳизб шахсони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ саҳмгузор мебошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg