ЁВОН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиҳов Маҳмадрасул оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонон ҷавонон пеш аз хонадоршавӣ ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар ростои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ намуд.