Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Баҳор»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Асоев Хизирдин, дар баромадаш қайд кард, ки аъзои ҳизби мо ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаи худро барои ободӣ ва шукуфоии кишвар гузошта истодаанд. ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Он дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо риояи қонунҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳо фаъолияти судмандро ба роҳ мондааст. Инчунин, дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаҳои ҳаётани муҳими тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд сухан рафт.