ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Саховати ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо сокинони деҳа баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон иштирок дошта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи баланд бардоштани масъулияти шахрвандӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии шахсони саховатманд, вакилони маҳаллӣ, фаъолони ҲХДТ бо ҷалби техникаи пурқувват ва сокинон роҳи мошингарди деҳа сангфарш карда шуд.