БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст

ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории норасоии масунияти одам «СПИД» оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  мавсуф оид ба нуктаҳои муҳими  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ  карда,  зикр намуд, ки пешгирии ҳамагуна бемориҳо  аз табобат беҳтар буда, мутахассисони соҳаи тандурустиро зарур аст  бештар корҳои фаҳмондадиҳиро  дар байни аҳолӣ ба роҳ монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg