БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён корҳои ободониро вусъат мебахшанд

Н.ХУСРАВ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Носири  Хусрав   дар  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Маҳаллаи  Арабхона”   бо  иштироки    аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор  гардид.

Раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Сураё Алиева  дар вохӯрӣ иштирок дошта,   оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, татбиқи    вазифаҳои  муайнгардидаи  Солҳои   рушди  деҳот , сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ   ва  саҳм  гузоштан  дар   таҷлили   сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  тақвият  бахшидани   Соли баланд бардоштани  масъулияти  шаҳрвандӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки вазифаи  ҳар  як  фарди  ватандӯст,  аз  ҷумла  аъзои  ҳизб  дар татбиқи  барномаи ҳизб  ҷиддӣ буда,   дар  доираи  имконоти  худ ба  ҳалли  мушкилоти ҷойдошта барои боз  ҳам  ободу  зебо ва  рушди  Ватан  ҳиссаи  сазовори  худро бо  масъулияти  баланд  гузорад.

Дар  қисмати   амалии  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  аъзои  ҳизб    ҷӯю  обравҳои дохили   маҳалларо  аз партовҳо  тоза  намуда, дарахтони ду тарафи  роҳро   аз шохаҳои хушкида тоза карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg