БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар роҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ҳадафи асосии ҲХДТ

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №9” доир гардид.

Дар мулоқот мутахассиси шуъбаи ташкилӣ, бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Абдулҳақзода Бахтиёр  иштирок ва  суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ оид ба  нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуда,  иштирокдоронро барои тарбияи  дурусти насли наврас,  саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ   раҳнамоӣ кард.

Дар охир  ба ҳамагон  маводҳои  таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg