
ҲАМАДОНӢ.Тибқи нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомониён»-и ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар тамоми гӯшаю канори мамлакати азизамон корҳои созандагию бунёдкорӣ рафта истодаанд. Дар ин радиф сокинони заҳматпешаи ноҳияи Ҳамадонӣ худро дар канор нагирифта, дар тозаю озода намудани маҳали зист, тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳо ва сохтани дигар иншоотҳои иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба нарм кардани бехи дарахтон ва тахту ҳамвору сангфарш кардани роҳҳо машғул шуданд.
Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони деҳаи Сомониён нашри дуюми махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуд.