БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонаи ҳамватанро бо дастони пурэъҷоз обод месозем!

МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  ва дигар шахсони даъватӣ  дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии   кӯчаи ба номи  «С.Назаров» хониши сиёсӣ  баргузор карда шуд, ки дар он Гулсунбӣ Раҷабова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.

Дар татбиқи қисмати  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!»   зери шиори «Хонаи  ҳамватанро обод месозем!»  таҳкурсии девор барои маҳкам  кардани  атрофи хонаҳои истиқоматии  оилаҳои ниёзманди ҷомеа   Сафаров Аҳмад ва Мирова Зулайхо  гузошта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg