БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои хайриявӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”

КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оиди гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, инчунин дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи шаҳр” бо аъзои ҳизб вохӯрӣ роҳандозӣ шуд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи шаҳр” Одинаев Раҳмон ба сухан баромада, таъкид намуд, ки дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нисбати таъмин ва сарфакорона истифода бурдани буҷаи мамлакат вазифаи ҳар як роҳбари ташкилотҳои молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Дар суханронии худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб изҳори андеша намуда, қайд кард, ки аъзо будан ва ҳамкорӣ бо ҳизби пешоҳанги мамлакат боиси сарфарозии ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамзамон гуфт, ки дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи ниёзманди ҷомеа ва дар ин самт амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ниёзмандон яке аз сифатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Баъдан, зимни баргузории Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба оилаи ниёзманди ҷомеа Исоев Комилҷон маводҳои ғизоӣ кӯмак  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg