БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиҳои кишвар руҳбаланданд!

ДӮСТӢ.Тибқи ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Донашкан»-и ӌамоати деҳоти Нури Вахш бо иштироки  сокинони деҳот Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якӌоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Дар Аксияи  ҳизбӣ вакили ӌамоати деҳоти мазкур Муҳиддинов Абдуӌаббор, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Хаттиев Ашурмамад, эмомхатиби  масӌиди панӌвақтаи деҳот Раҳмонов Шералӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони  Аксияи ҳизбӣ атрофи  оромгоҳи деҳотро аз хасу хошок тоза карда, ӌӯйборҳои обгузар ва  роҳравҳоро низ кандаву тоза намуданд.

Инчунин, баҳри ободу зебо гардонидани диёри худ зиёда аз 100 адад ниҳолҳои гулу сӯзанбарг шинониданд.

Сокинони деҳот иқдоми  созандаи ҲХДТ-ро давоми  иқдомҳои  ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста,  мунтазам дар пайи ободонии диёри худ талошварзида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg