БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиӽои Ватан хушнуданд

ВОСЕЪ.Тибқи нақшаи кории  шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽия ва бо мақсади ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон  вохӯриву чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо маром идома доранд.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии «Ӽулбук» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ноӽиявӣ Манучеӽри Хуршед сараввал бо  сокинони маҳал вохȳрӣ баргузор гардид.

Зимни суӽбат  Манучеӽри Хуршед атрофи фаъол гардонидани ҷавонон дар корӽои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ,  пешгирии  шомилшавии онҳо  аз ӽизбу ҳаракатӽои ифротӣ ва дуруст истифода бурдан аз технологияӽои муосир,  шабакаӽои иҷтимоӣ ибрози ақида намуд.

Баъдан сокинон барои дар амал татбиқ намудани Аксияи  тарғиботӣ-амалии ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» дар ду тарафи  роӽӽои маӽалла 500 бех дарахтони сояафкану ӽамешасабз шинониданд.

Дар охир ба  иштирокдорон нашри махсуси нашрияи «Ӽамрози халқ» ба хотири баланд бардоштани мафкураи сиёсии онӽо дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg