БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад

ПАНҶ. Об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад. Қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. – иброз дошт Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар назди аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и назди идораи таъмини оби нўшокии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ.

Дар охир баъди анҷом вохўрӣ иштирокдорон дастаҷаъмона тариқи ҳашар замини боғи назди идораро нарму мулоим намуда, бехи дарахтон ва ҷўйҳои обгузари боғро аз партовҳо тоза намуданд. Дарахтони мевадиҳанда ва гулҳои ороишӣ шинонда саҳни идораро дигаргун намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg