БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободониву хуррамгардонии сарзамини аҷдодӣ мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ”-и марказии ноҳия бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ корҳои ободониву зебогардонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, атрофи моҳияти Аксияи ҳизбӣ ва саҳмгузории ҳар як шаҳрванд дар корҳои ободонию созандагӣ, ки нишона аз маданияти баланди  шаҳрсозӣ ва ободкории сатҳи баланди таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷик мебошад,  суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg