БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнат ба Ватан ҷиноятест мудҳиш ва нобахшиданӣ

ВОКУНИШ.Тариқи воситаҳои интернетӣ суханронии боз як “ғамхору дилсӯзи” миллати тоҷик Сулаймон Давлатовро тамошо намуда, ба хулосае омадам, ки  дар рӯи замин инсонҳое ҳастанд, ки ҳақиқатро чашми дидан надоранд, дар дилашон буғзу адоват, дар фикрашон риёкорӣ буда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки душманонаашон аз амалҳои бад даст намебардоранд.

Ин тоифа “ ғамхорону дилсӯзони миллат” дастовардҳои кишвари биҳиштосоямонро нодида мегиранд. Онҳо дар ба дар, мисли гадо гашта, баҳри ба ба даст овардани маблағ, аз ҳақиқат чашм мепӯшанд, бо бофтаҳои хаёли Пешвои муаззами миллат ва Ватани орому биҳиштосову соҳибтамаддуни моро ба таври ғаразнок туҳмат мекунанд. Онҳоро пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ором намегузорад.

Дар зиндагӣ боз нафароне низ ҳастанд, ки обурӯю мавқеи худро аз даст додаанду боз мехоҳанд,барои диққати дигаронро ба худ ҷалб намудан ба ҳар гуна дассисаву иғво даст зананд. Ба ин тоифа одамон ягон гуна муқаддасот, ба монанди миллату давлат, ору номус, шаъну шараф вуҷуд надорад.Ин нохалафону хоинон, Ватанро бо маблағу моли хоҷагони хориҷии худ фурӯхта, пешравию ободӣ, тинҷию оромии Ватани азизи моро чашми дидан надоранд.

Имрӯзҳо ҳам баъзе аз хоинони миллат ба мисли Сулаймон Давлатов, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси чунин роҳгумзадагону хоинони миллат аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта теша бар решаи хеш мезананд. Ин бадхоҳони миллат бо мақсади амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ аз расонаҳои хабарӣ, шабакаи интернет васеъ истифода бурда, ғояҳои экстремистиро таблиғ намуда, сафи худро аз ҳисоби ҷавонон зиёд кардан мехоҳанд.

Вале бо боварии комил метавон гуфт,ки ҷавонони бонангу номус, хушбахту саодатманди тоҷик, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо ин тоифа хоинону ватанфурӯшон ҳамроҳ нашуда, ҳифзи муқаддаси Ватанро аз гӯшаи имон медонанд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона чунин гуфтанд “ Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд”.

 Фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободию озодӣ, оромиву осоиштагӣ ва ҳаёти хушу хуррам мерасанд.

Ин тоифа хоинону ватанфурӯшони миллат ва ҳаммаслакони онҳо айби худро надида, аз пайи ҷустуҷӯи айби дигаронанд. Бояд ин бадхоҳони миллат донанд, ки гузаштагони бузурги миллат беҳуда нагуфтаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд”.

                Як зумра, ки одоби сухан гум карданд,

                Бо ҳарфи бади худ туву ман гум карданд,

                Бадном нашуд Ватан аз он бадгӯён,

                Худ гум бишуданд, то Ватан гум карданд.

Маҳмадаюб  Шарифзода, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg