БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнат ба Ватан гуноҳи бузург аст!

ВОКУНИШ. Муҳоҷират аслан муҳоҷирати мавсимӣ, доимӣ ва муваққатӣ мебошад. Умуман, агар ба муҳоҷират ҳамчун як падидаи табиӣ назар намоем, дармеёбем, ки он дар тӯли таърих дар пайванду васли тамаддунхо, дар боварии тамаддунҳо, дар пайдоиши тамаддунҳо, дар густариши тамаддунҳову фархангҳо нақши бузургу боризе доштааст ва метавонад дошта бошад. Муҳоҷират як падида ва асли бисёр арзишманди инсонист, ки он дар тӯли таърих васлкунандаи миллатҳо будааст.

Бубинед, вақте ки миллатҳо бо якдигар иртиботи наздик ҳосил мекунанд, аз якдигар чизҳое мегиранд ва ба якдигар чизҳое медиҳанд.

Кулли мардуми мо барои пеш бурдани  сатҳи зиндагиашон ба хориҷа мераванд, ин нишонаи он мебошад, ки онҳо маълумоти олӣ надоранд дар Ватани худ дар сохторҳои давлатӣ кору фаъолият карда наметавонанд ба давлатҳои хориҷа сафарбар мешаванд. Агар чи дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам бошанд,  аксарияташон кору фаъолият карда, боз ба Ватани   худ ба сари баланд бар мегарданд.

Айни ҳол наҳзатиҳо- Кабириҳо муҳоҷирати шаҳрвандони моро барои худ мавзӯъ интихоб намудаанд  хато карданд. Худ фаромӯш кардаанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он бо миллатҳои дигар, ки дар Тоҷикистон сукунат менамуданд,  ба давлату миллати худ чӣ корҳоро раво диданд.

Кабирӣ ки худ хоин аст боз кӯшиши бадном кардани миллати тоҷикро мекунад  аз ҷониби миллате,  ки ба у хиёнат кардааст, баромад мекунад. Ба хориҷа рафта, аз пушти ким кадом   хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистон санг партофтан  магар хиёнат нест?. Хиёнат он корест, ки ба хориҷа рафта, дар назди камера истода, ҷавононро ба ҷиноят таблиғ кардан аст. Мисле кӣ Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мекунанд.  

Ватанро соҳиби кардан мехоҳанд, биёянду ободаш кунанд. Паси пардаи марзи Тоҷикистон истода, тоҷикони бурунмарзиро ба хиёнат даъват мекунанд. Магар ин худ ҷиноят нест?

Баромади ин гуна беватанонро тариқи шабакаи фейсбук тамошо карда, кас ҳайрон мешавад, ки чӣ ин ҷавононе, ки бо як зарба задан кӯҳро чаппа мекунанд ба ин кор маҷбур мекарда бошад? Маълум ки ин беватанон худро он ҷо хушҳол ҳис мекунанд.

Бале Ватан он ҷост, ки умр хуш гузарад, вале кӣ гуфта метавонад, ки ба ҷуз он хоке ки ба дунё омадааст дар дигар хок худро хушбахт ҳис мекунад. Мулки бегона мулки Ватан нест. Лафзи бегона- лафзи  модарӣ  нест. Хиёнат ба Ватан ин ба фаҳмиши ман чунон чӣ хиёнат ба миллат аст. Касе, ки ба миллати худ хиёнат мекунад, ӯ ба Ватанаш, падару модараш ва шири хурдаи модараш хиёнат мекунад. Дар баробари ин ҷонашонро зери хатар монда, оқибат  несту нобуд мешавад.

Бешак суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни муддао мебошад, ки гуфтаанд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.”

Солиҳов Фирдавс, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва                                                                       матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg