БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” писанди сокинони маҳал гардид

Ш.ШОҲИН. Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Деҳдарозаки ҷамоати деҳоти Чагам тибқи бо иштирок кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

 Дар вохӯрӣ масъулин атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ,  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд масъулин  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба сокинон фаҳмониданд,  ки  писанди  ҳамагон гардида, чанде аз иштирокдорон  ҷиҳати дастгирии Аксияи ҳизбӣ фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg