БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи дурусти насли наврас аз боғча сарчашма мегирад!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Лола» (боғчаи-№1)»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, аз  аъзои ташкилот, ки масъулияти баланди ватансозӣ,   дуруст тарбия намудани насли наврас ва дар қалби онҳо аз хурдӣ ҷо намудани меҳру муҳаббат ба Ватан-Модар эҳтироми волидайн ва хислатҳои неки инсонӣ, инчунин ташкили корҳои ободонӣ, шинонидани гулу буттаҳо дар гирду атрофи боғча тавсияҳо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg