БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мекӯшем, ки варзиш шуғли дӯстдоштаи наврасону ҷавонон гардад

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва Шарифҷон Набиев хониши сиёсӣ гузаронида шуд.     

Дар назди ҷамъомадагон мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифҷон Набиев баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дод.

Дар хониши сиёсӣ аъзои ҲХДТ Қурбон Довудов, Саймуҳиддин Раҷабов, Аҳмад Одинаев ва чанде дигарон баромад намуда,  аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар деҳаҳои ноҳия барои ба варзиш машғул шудани кӯдакон, наврасон ва ҷавонон шароит  фароҳам нест. Кӯдакон дар сардиву гармии сол роҳи 4 - 5километраро тай намуда, барои тамрин ба маркази ноҳия  меоянд. Дар аксари деҳаҳо ба ғайр аз майдончаҳои бо ном варзишии назди муассисаҳои таълимӣ дигар майдони варзишие, ки ба талабот ҷавобгӯ бошад то ҳол сохта нашудааст.

 Дигар камбудие, ки сади роҳ аст, набудани маблағ барои сафарбар намудани варзишгарони хурдсолу калонсол ба мусобиқаҳои варзишӣ дар маркази вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад.

Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон оид ба  рушди варзиш дар кишвар баён доштанд,  мо кӯшиш менамоем, ки варзиш шуғли дӯстдоштаи хурду калони ноҳия гардад, - иброз доштанд онҳо.

Дар хониши сиёсӣ  ба чанд нафар аъзои ҲХДТ  дар ҳолати тантанавӣ  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ҲХДТ таъмири ҷории бинои муассисаро ба уҳда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg