
МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нуралишо Назаров» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок дошта, доир ба амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуд.
Дар фарҷом ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, шиорҳои ҳизбӣ дар бинои ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров насб карда шуд.