БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати халқ аст!

ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳи нав 4»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии судманд доир гардид.

Зимнан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ёров Худойдод доир ба масъалаи болозикр баромад намуда, иброз дошт, ки ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и  Роғун, яъне иншооти тақдирсозӣ аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми  шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg