БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳидоятгари халқ ба корҳои ободониву созандагӣ!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати деҳоти Каленин”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёси ва чорабиниҳои ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар, оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ва вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёси баргузор гардид.

Дар хониши сиёси Алиев Зафар дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оид ба роҳҳои амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, дар амал татбиқ кардани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди бедордилро месазад баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона талош намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg