БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву шукуфоии Ватан вазифаи ҳар соҳибватан аст

Ш.ШОҲИН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Назарбойи ҷамоати деҳоти Чагам тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   кушода,  доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ  инъикос ёфтанд,  суханронӣ  намуд.        

Инчунин, дар ин раванд масъулин  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  суханронӣ  намуда, ҳамагонро  барои саҳм гузоштанд дар корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистодаи пурифтихори  давлату миллат даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg