ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи иҷтимоӣ” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир намуд.
Дар он муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ Розиқов Сафарбек муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи ҲХДТ иброз дошт, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғоли занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, онҳо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунарҳо шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.