БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳр оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

 Дар охир Муслима Ғуриева мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар шаҳр оид ба талаботи қонунҳои амалкунадаи  кишвар баромад намуда, пешниҳод кард, ки ҳар як падару модар бояд дар тарбияи фарзанд масъулияти баланд дошта бошад. Зеро ҷавонон ояндаи давлату миллатанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg