ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Сомонии ноҳия дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд ва ҳамчунин татбиқи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем" бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бегмамадов Асалмамад чорабинии навбатии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони маҳалла қубурхои обгузарро таъмир намуда ҷйборҳоро низ тоза намуданд. Ҳамзамон дар лаби ҷуйбори обгузар дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ба иштирокчиёни чорабинӣ нашрияи махсуси "Ҳамрози халқ"-ро дар доираи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақсим намуданд.