Н.ХУСРАВ.Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи “Мирзообод”-и ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеи сокинон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди сокинон оид ба ҳадафҳои пайгиронаи ҲХДТ дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайянгардидаи солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар истиқболу таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, тақвият бахшидан ба амалигардонии ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ “ эълон гардида андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯст саҳм гузоштанд барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон мебошад.
Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки сокинон кӯчаҳои дохили маҳалла сангфарш карда шуданд.