БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҳар яки мо аз тозагии муҳити зисти мо вобаста аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳрвар»-и ҷамоати деҳоти Чубек бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ боиштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, иброз дошт, ки моро зарур аст, ба масъалаҳои муҳити зист, олами набототу ҳайвонот вазъи экологӣ ва ба  ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд  бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир  намоем.

Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби сокинон барои партофтани ахлотҳо партовгоҳ омода карда  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg