БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолон бо Сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Саъдӣ Шерозии ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳия бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин оид ба ҳадафҳои созанда ва барномаи ҲХДТ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, раиси маҳаллаи  Саъди Шерозӣ  барои ташкил ва иштироки фаъолона дар озмуни “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ” ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти   Хатлон сарфароз   гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg