БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯдакони ятим фарзандони мо ҳастанд

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ -амалии Аксияи ҳизбӣтаҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ”  вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот  аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ т атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ , ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон,  инчунин  8 - март  Рӯзи  Модар суханронӣ карда шуд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии номбурда   Шоиброҳимзода Раҳима ба як нафар ятим аз ҷамоати шаҳраки Совет Камолова Мафтуна  сару либоси мактабӣ  туҳфа карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg