БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи манфиатҳои мардум мароми мо ҳизбиён аст!

ПАНҶ.Вобаста ба  баррасӣ намудани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз»-и назди Кумитаи заминсозии ноҳияи Панҷ бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  вохўрӣ баргузор гардид. 

Масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар назди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ оид ба яке аз ҳадафҳои нав ва асосӣ- саноатикунонии кишвар баромад намуданд.

Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ қайд намуд, ки давлату ҳукумат вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, пешниҳод шуд, ки иктисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида шавад. Дар ин росто лозим омад, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намояд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атрофи бинои корхона дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нарму мулоим кардани бехи дарахтон, шинондани  гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда саҳми арзанда гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg