БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯдакони ятим фарзандони мо ҳастанд, барои онҳо шароити арзанда фароҳам меорем!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДТ ЛКСК”-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Сайҷафар Ватанзода, муовини раис, мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумита Фароғат Назарова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан раиси Кумтаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Фароғат Назарова аз нуктаҳои муҳими Паёми роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Суҳроб Валиев дар бораи иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 4 нафар таълимгирандагони ҳамин даргоҳ, ятимони кул сару либоси мактаби ва ашёҳои хониш супорида шуд. Инчунин бо иштироки васеъи ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб дар назди заминҳои бинои мазкур корҳои созандагию ободонӣ хуб ба роҳ монда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg